Чу зулфи ту буд аз такаббури дўто

Ба бодии биФтоди мискини зи по

Гушӯдани зи зулфати гиреҳ мушкил аст

Дарин шеваи мӯ май шикофади сабо

Бикаш домани ҳасан чун гули зи ноз

Ки бар қад ту дӯхтанд ин қабо

Каси он хоки раҳи ҷуз ба мижгон нарафт

Ба чашм аз пай он равад тўтё

Куҷо медиҳад дастам аз бахти бад

Ки поиш бабўсам пас аз марҳабо

Маро зон назари анқдр чашм ҳаст

Ки дар чашми ошиқ буд хуши ҳаё

Даҳон ту мемасту болои алиф

Худои офариди он ду аз баҳри мо

Макун пеши ман зикри ҳалвои лаб

Чу кардӣ бикун раҳматӣ бар гадо

Гадоӣ дар мост гуфтӣ камол

Чунинаст шайъи аллоҳ эй подшо