Гул ба сад лутф бидид он бару пиндошт тан аст

Шакл худ дид ҳамоно чу зи обат бадан аст

Нозуки андом ки зи осеби сабо тоб надошт

Зулм бошад агар аз барги гулаш перҳан аст

эй гул аз сими биногваши бутами гир ба вом

Мояи ҳасан ва миндиш ки қарз ҳасан аст

Накунам ҷуз ба хаёли қади ту қиссаи дароз

Булбулонро сухан ар ҳаст ба сарв чаман аст

Нест алои асари сӯзи дилу оҳи дарун

Бар лаб аз холи ту ин дӯд ки бар ҷон ман аст

Машк бар гардани он тарк хато чист зи зулф

Бути чинаш магар оварда хароҷ хутан аст

Мечакад оби ҳаёт аз суханони ту камол

Сухан инаст ки гӯйии ту дигарҳо сухан аст