Маро гуфтӣ барин дар ин фиғон чист ?

Хурӯши булбулон дар бӯстон чист

Чаро хоҳам шаби васли ту болин

Агар хоб оядам он остон чист

Чаро ҷӯям ман аз соқӣ майу нақл

Май мо он лабу нақли он даҳон чист

Чу бӯсӣ зон даҳон хоҳам газии лаб

Муроди ту азин озор ҷон чист

Даҳонат ҳаст гуфтам чун миёнат

Чаҳ мебошад даҳон гуфт ва миён чист

Агар нагирифта хуии рақибон

Ба мо ҷангу итобат ҳар замон чист

Аз ту чашми камол аз гиря хӯн аст

Туро бо моўроء алнҳрён чист