Ончии ту дорӣ ба ҳасан , моҳ надорад

Ҷоҳу ҷамоли ту подшоҳ надорад

Ҷониби дилҳо нигоҳи дор ки султон

Малик нагирад агар сипоҳ надорад

Ошиқи худ гар кунӣ ба ҷурми муҳаббат

Бештар аз ман каси ин гуноҳ надорад

Риққати қалб ошкор кард муҳиб ро

Ҷоми нанги рози дил нигоҳ надорад

Сӯфӣ бо завқ рақс дораду ҳолат

Оҳ ки сӯзи дарун ва оҳ надорад

Солик бедардро зи қатъи манозил

Тарки сафар ба чу зод роҳ надорад

Заҳмати сар чун баради камоли азин дар

Зон ки ҷузи ин остон паноҳ надорад