Аз сари ҳавои васли ту берун наме равад
Савдои Лайлӣ аз дил маҷнӯн наме равад
Чашмами назар ба ғайр ҷамолат наме кунад
Боди нав аз табиат мавзун наме равад
То даврам аз канори ту як лаҳза нагзарад
Кандар миёни дидау дил хӯн наме равад
Он сӯратӣ ки бо ту маро даст дода буд
То бастааст нақш дар дил ва берун наме равад
Ореи магари алоҷ ба қонӯн наме равад
То бастааст нақш дар дил ва берун наме равад
Гуфтӣ намеравад ба дилати орзӯии ман
эй орзӯии дидау дил чун намеравад ?
Дил хуш кун эй камол ва шикоят макун зи дӯст
Гар бар муроди рои ту гардун наме равад