Дӯст медорад дилами ҷавру ҷафои дӯст ро

Дӯсттар аз ҷону сари дарду балои дӯст ро

Заҳмати худ бо табиб муддаӣ хоҳам намӯд

То бисозад чораи дард бе давои дӯст ро

Чун муроди дӯсти ҷон афшоданаст аз дӯстон

Зӯдтар дарёб ҷони ман ризои дӯст ро

Дар ҳавоӣ ӯ тавонад дод ошиқи сар ба бод

Лек натавонади ниҳод аз сари ҳавои дӯст ро

Гар бадал кардӣ бсди фирдавси хоки кӯии дӯст

Ройгон аз даст додӣ хоки пои дӯст ро

Дстбўси дӯст мехоҳӣ башу даст аз ду кун

Даст олӯда нишоед марҳабои дӯст ро

Дӯстиҳои ду оламро брўб аз дили камол

Пок бояд доштани хилвати сарои дӯст ро