Чашми ту илтифот ба мардум наме кунад
Бар хастагони ғамза тараҳҳум наме кунад
Зулфат кашид шонау гуфто фурӯ нишин
Бар офтоби соя тақаддум наме кунад
Ашками зи акс рӯй ту шабҳо дар ту бофт
Бар моҳтобаи қофилаи раҳ гум наме кунад
Ҷони муҳиб ба ханда намеояд аз нишот
То зери лаби ҳабиб табассум наме кунад
Чандон ки ме тавон сухани дил ба мо бигӯ
Ошиқ ба савту ҳарф такаллум наме кунад
Сӯфӣ ба даври лаъли лабати сангсори бод
Гар сари фидои хишти сар хам наме кунад
Бе ишқи гул рухӣ насарояд ғазали камол
Булбул ки маст нест тараннум наме кунад