Хонаи дидаи зи дидори ту равшан бошад

Байти аҳзони ман аз рӯй ту гулшан бошад

Сарв ҳар чанд сарафроз буд дар бустон

Пеши болои баланди ту фурӯтан бошад

Он ҳамаи дард каз ойина рӯят бархест

Асари оҳи ман сӯхта хирман бошад

Набарам то ба қиёмат ба забони номи биҳишт

Агарам хоки сари кӯии ту маскан бошад

Тарафи ошиқи худ гир ки то муддаӣон

Ҳама донанд ки ҳақ бартараф ме бошад

Гар ту ори надорӣ ки миннат дорам дӯст

Баъди азинм чаҳ ғам аз таъна душман бошад

Турфа мурғӣаст дили хонаи барандози камол

Ки мудомаши сари кӯии нав нишеман бошад