Аз ошиқӣ ҳамеша ҷавонаст пери мо

Холӣ мабод ишқ батон аз замири мо

Бо онкӣ чун чароғ саҳар шуд ҷавонаи марг

Ҳам дайр зист муддаии зўдмири мо

Сад ҷон мо сетанд ва ба як бӯса ваъда дод

Бисёр бахши дилбари андакпазир мо

Дар дил ба қадар зарра нагунҷад хаёли ғайр

Каз меҳр ӯ параст замири мунири мо

То кӣ дуои васли камон абрувон кунам

Чун бар нишона ҳеҷ науфтод тири мо

Ҷонро чу нест аз тану танро зи ҷони гурез

Аз мо ҷудо машав дигар эй ногузири мо

Дорем сабри андак ва беш аз шумори шавқ

Пӯшида нест аз ту қалилу касӣри мо

Рӯзи ҳисоб ғам нахӯрем аз гунаҳи камол

Гар ақди зулфи ёр буд дастгири мо