Дили зи дорухонаи дардат даво дорад умед

Шарбати хосӣ аз он дорушшифо дорад умед

Ҳар касе дорад аз он ҳазрати таманнои ато

Муфлиси ишқи ту ташриф бало дорад умед

Ҷону дил то завқи он ҷавр ва ситам дарёфтанд

Ин ситам дорад таваққуъи он ҷафо дорад умед

Куштаи шамшери ғам яъне шаҳиди ишқ ро

Зиндагии ин бас ки аз ту хўнбҳо дорад умед

Дорам умедӣ ки ёбам бар бисоти қурби роҳ

Ин гадо бингар ки васл подшо дорад умед

Бар сари роҳ талаб шуд хоки чашми интизор

Ҳамчунон аз хоки поят тўнё дорад умед

Давлат бӯсидан поят намеёбад камол

Бо чунин кӯтоҳи дастӣ марҳабо дорад умед