Дил ки аз дарди ту пар шуд ноларо чун кам кунад

Марҳаму дармони куҷои ин дарди афзӯн кам кунад

Аз хурӯши куштагонгар заҳматӣ бошад туро

Ғамзаи беморро фармой то хӯн кам кунад

Оби чашмам кам нашуд чндонкаҳи мижгон бар гирифт

Кас ба прўизн чигуна оби Ҷайҳун кам кунад

Бо ду сад ганҷу гуҳар гар кардамат қимат маранҷ

Муштарӣ низ аз баҳорӣ дар макнун кам кунад

Гар бмн бӯсӣ бубахшӣ кам нагардад зон ҷамол

Бо закот кӣ гадо аз ганҷи қорун кам кунад

Рашкам аз зоҳид намеояд ки гуҳ гуҳ бинадат

Табъи номавзун чу майли шакли мавзун кам кунад

Гар чу шамъи хлўнти сӯзад забон магушо камол

Насаи сӯзи даруни ошиқ ба берун кам кунад