Дӯшами зи қибла рӯй бар он остона буд

Ашками зи дидаи сӯй дарат ҳам равона буд

Дар сар май сабӯҳӣ ва дар дидаҳо хумор

Ҷон бе лаби ту ташнаи ҷоми шабона буд

Дил буду оҳу нола бар он дар кашид боз

Чун шамъи ҷони сӯхтаи худ дар миёна буд

Аз холу ориз ту фитодам бабанд зулф

Мурғӣ ки шуд бдоми сабаби обу дона буд

Ҷонами зи захми ғамза ба чашм ту ме гурехт

Аз хстгиши майл ба бемори хона буд

Чун дар сухан шуд он лаби ширин шукр фишон

Дар гӯшҳо ҳикояти ширини фасона буд

Алқсаҳи зини фасонаи муроди дили камол

Шарҳи ғами ту буд ва дигарҳо баҳона буд