Рӯят ба чунин дида тамошо натавон кард

Васли ту бад-ӣнаи сина таманно натавон кард

То дидаи нахуст аз ?назарет вом нагирад

Назораи он сӯрат зебо натавон кард

То ҳиммат олӣ нашавад раҳбари хотир

Андешаи он қомат ва боло натавон кард

Гар ниғ кашад душману гиреҳ таъна занад дӯст

Қатъ аз туу савдои ту қатъан натавон кард

Дар давлати хӯбӣ ба гадоён дар хеш

Лутфӣ бикун имрӯз ки фардо натавон кард

Ту доруу дармони дилу дидаи ришӣ

Беруни зи дилу дидаи туро ҷо натавон кард

Дардии зи ту дар ҷон камоласт ки онро

Ало ба висоли ту мудово натавон кард