Рӯй ту ба ҷузи оина дидан ки тавонад
Зулфи ту ба ҷуз шона кашӣдан ки тавонад
Қанди даҳанати шарбати хосӣ ки зи лаби сохт
Дидан натавон хосса чашедан ки тавонад
Чндонкаҳи тўӣии орзӯии ҷони азизон
Бо орўзии хеш расӣдан ки тавонад
Дар зери лаб аз бими рақиби ту бар он рӯй
Мо фотиҳа хондем дамӣдан ки тавонад
Машшота дилӣ дошт чу пӯлод ба сахтӣ
Варна зи чунон зулф баридан ки тавонад
Чун нест камол аз суханон ту гузин тар
Касро ба сухан бар ту гузидан ки тавонад
Онҷо ки бихонанд баланди ин суханон ро
Дигари сухани пасти шунидан ки тавонад