Сари моро нарасад инки ба пой ту расад

Гар расад дида биравӣ ту барои ту расад

Бар дилу ҷон чу ғаму дарди нави созанди насиб

Ҷигари сӯхтаро доғи ҷафоӣ ту расад

Баъди сад солаи ҷафо бо ман аз бори ҷудо

Гар кунад умри вафои буии вафоӣ ту расад

Зоҳид аз бими балои сар ба дуо кард фурӯ

Ошиқон рӯй ба боло ки балоӣ ту расад

Дарди моро нарасад марҳаму дармони зи табиб

Гар расад доруе аз доршФоӣ ту расад

Бар дарат мекунадам манъи зи дарюзаи рақиб

Саг нахоҳад ки насибии бгдоӣ ту расад

Ҳоҷати ҳалқа задан нест дарин боби камол

Ин қадари бас ки ба он гӯши дуоӣ ту расад