Ошиқон рӯй турои нур мусаввир хонанд

Парда бар гир ки равшантар азин бар хонанд

Ашки резони шабистони фироқ аз сари сӯз

Оризу хоки турои шамъ муътабар хонанд

Гар намояди рахт аз дафтари хӯбии варақӣ

Варақи дафтари гулро ҳама أбтр хонанд

Гар хаёли лабати оранди имомон ба намоз

Баъд ҳар фотиҳае сӯра кавсар хонанд

Аҳли дониш ки расонданд ба поёни ҳамаи илм

Лавҳи ишқи ту чу абҷади ҳама аз сар хонанд

Дар ҳавояти зи сари завқ муъаллақ бизанам

Гар сӯии доми ту бозам чу кабӯтар хонанд

Бо даҳонати сухани қанди мукаррар саҳл аст

Сухан саҳл нишоед ки мукаррар хонанд

Андалебон саҳар хон хуши алҳон дар рост

Сифати қади нав бар шох санавбар хонанд

То ҳадис аз қади он сарв равон гуфт камол

Гуфта ӯ зи ҳади бси ҳама бартар хонанд