Гарчи сарви чаман аз об равонӣ дорад

Натавон пеш қадат гуфт ки ҷонӣ дорад

Ба лаби ташна нишон медиҳад аз оби ҳаёт

Хоки роҳӣ ки зи пои ту нишоне дорад

Ошиқ ар қади нави хонда ба гумони сарви биҳишт

Ошиқи поки назари рост гумоне дорад

Зон миён нест нишон ва сахтӣ нест дар он

Сухан онҷост касеро ки даҳоне дорад

Нисбатӣ кард дар он сӯии мёнро ба хбол

Камараши басти хаёлӣ ки миёнӣ дорад

эй ки гуфтӣ зи пеши ашк чу гулгуни мдўон

Бо касе гӯй ки дар даст аноне дорад

Бораи андӯҳу ғами бори бки рӯҳи камол

Бар дилу дида гарон нестгар онӣ дорад