Гар дилам дар зулф пинҳон кардае пайдо шавад
Машк ғаммозаст ва ин дуздӣ аз ӯ расво шавад
Ноҳақ афтодаст зулфат дар каф ҳар муддаӣ
Чун бадаст мо биафтад ҳақи бадаст мо шавад
эй сабо бар гӯии имшаб аз забони мо ба шамъ
Сӯхтии парвонаҳоро бош то фардо шавад
Гарм шуд бозори ҳасана аз оташи рухсори ту
Вақт он омад ки зулфат бар сар савдо шавад
Хоки он дар дар назари ҷинати талаби зоҳид ҳануз
Чашми нобӣнои куҷо аз тўтё бино шавад
Шавқи болои баланди тести он каз ҳар танӣ
Ҷони алавиро ҳавои олам боло шавад
Он лаби хандон чу бинад дар ҳадис ояд камол
Булбули хомӯш чун гули бушковад гуё шавад