Маи талъати туро ба тамомӣ ғулом шуд

Дар матлаъи сухани сухани мо тамом шуд

Дар орзӯӣ рӯй ту бигузашт рӯзи умр

Аз чеҳра бар фурӯз чароғӣ ки шом шуд

Зулфат сабо кашид ва нашуд огаҳи он ду чашм

Сайёд хоб дошт ки ғофили з дом шуд

Бар хок дар ҳалол макун хӯни ошиқон

Сайди кабӯтарони ҳарам чун ҳаром шуд

Сӯфӣ нашуд бадӯри лабати холӣ аз шароб

Хоки вуҷӯдаш аз чаҳ суроҳе ва ҷом шуд

Зоҳид шудааст дар тамаъи бодаи биҳишт

Танҳо ба хизматаш ки тамаъ низ хом шуд

Дигар чаҳ ҳосил аз лақаби зоҳидии камол

Номӯс чун бирафт барандӣ ва ном шуд