Чу офтоб накунад аз рухи замонаи ниқоб

Бирез дар қадаҳи гавҳарин ақиқи музоб

Хурӯши нолаи мисатон ба гӯш ӯ нарасед

Ва гарна мардуми чашмаш куҷо шудӣ дар хоб

Чу мутриби ғам ӯ чанг зад ба домани ман

зи гӯшмоли ҷафо нола мекунам чу рубоб

зи ҷайби перҳани андоми нозанини бениш

Чунонкӣ аз тани шишаи қатраҳои гулоб

Агарчӣ рехтани хӯн ба ҳукм шаръ хатост

Бирез хӯни суроҳе ки ҳаст айни савоб

Биё ба ҷону сари худ ки дардмандон ро

Ба марҳамӣ ки туоне замон замон дарёб

Магар ки дар сари зулфин ӯ вазиди сабо

Ки май вазади зи гулистони насими анбари ноб

Туро ба чашмаи ҳайвон чаро кунам тшииаҳ

Ки ҳаст ташнаи лаъли ту гавҳари сероб

Кунун ки ҷаври фироқ аз ту бар камол омад

зи даст дида фитодам чу коса бар сари об