Ёд рӯй ту чу дар хотир мо ме гузарад

Вақти мо дар ҳама вақте ба сафо ме гузарад

Чашми каси муҳаррами султони хаёли ту чу нест

Басари мардуми бегонаро ме гузарад

Пушт савдо задагон сари басар аз ғуссаи дўтост

То чаро боди бади он зулф дўто ме гузарад

Бар сари кӯии ту бояд басару чашми гузашт

Муддаӣ чашм надорад ки ба по ме гузарад

Рафт дар оҳу фиғон бе ту марои умри дароз

Оҳи азин умр ки бар бод ҳаво ме гузарад

Тири мижгони турои ҳеҷ сипар монеъ нест

Ки ба як чашм задан аз ҳама ҷо ме гузарад

Наравад акси лаби лаъли ту аз чашми камол

Дар зҷоҷист май аз шиша куҷо ме гузарад