Чашми ту ки дошт хоб бисёр

Лаб дошт ба ӯ шароб бисёр

Он ғамза ки маст аз ин шароб аст

Аз ҷигарами кабоб бисёр

Ҳаргиз нашавад ду чашми ту сайр

Аз нози пару итоб бисёр

Бе ишқи қуббаро чаҳ судаст

Бо дониш кам китоб бисёр

Гар куштани ошиқон савоб аст

Ту бофтаи савоб бисёр

То пои ббўсмш ба рафтан

эй умр макун шитоб бисёр

Пеши ду рухи ту себи симин

Ширин шуд аз офтоб бисёр

Аз даврии оризу лабат рафтан

Аз чашми камоли об бисёр