Дӯши расидам ба гӯш аз лаби ҷонони хитоб
эй дил агар ошиқӣ дида бпушон зи хоб
Пеши хаёлат ки ҳеҷ давр мабод аз назар
Хоб чаҳ бошад ки нест чашми ҷаҳони байн ба хоб
Бскаҳ латифаст он оризи нозук ба рӯ
Чунки назар мекунӣ мечакад аз дидаи об
То ба садорат нишаст ишқи ту дар сина ам
Шуд ҳаваси ободи дил аз ситам ӯ хароб
Дар ҳақи мо эй рақиб ҳарчӣ ту хоҳӣ бигӯӣ
Нест ба ҳамчун туе ба з хамӯшӣ ҷавоб
Бе ту набошад сабот ҳастӣ моро балӣ
Роҳ нагардад падед то набӯд офтоб
Ҳосили тақвоу зуҳд дар сари риндии камол
Кардӣу сар бар накард ҳамчуи ҳубоб аз сароб