Дило насими анояти вазид ҳозир бош
Расед мужда ки дилбар расед ҳозир бош
Ба хуфтаи шаб меҳнат бирав хабар бирасон
Бигӯ ки субҳ саодат дамид ҳозир бош
зи хоки поши ғуборӣ каз он тараф бархест
Ба дида рўшннӣ шуд падед ҳозир бош
зи ҷоми васл аз он қатраҳо ки ҷон афзост
Ба коми ҷон ту хоҳад чакид ҳозир бош
Ба шаҳри ишқи шабу рӯз ид бошаду сур
Мабош ғофили азин сӯрау ид ҳозир бош
Макун зи перу мурӣди гузашти чандини ёд
Ту перӣу ҳамаи олами мурӣд ҳозир бош
Калиди қул дил аз ҳар дарии муҷрии камол
з дербоз нест ин калид ҳозир бош