Гар зулф дароз фиканӣ аз тарафи биногваш

Бисёр сар уфтад ба қадамҳои ту аз дӯш

Ҳар гоҳ ки ба всғи ду рухи хуби ту уфтам

Дорам чу сари зулфи ту аз ҳар тарафии гӯш

Натавон бо забон бо ту ғамӣ гуфт чу хома

Аз дасти ту бар хеши ҳамеи печаму хомӯш

Чндонкаҳ бигӯе нарӯм аз сари кӯяш

Гар зонка рӯм аз сухан ӯ рӯм аз ҳуш

эй ошиқи хом аз лаб ӯ нӯш на аз ҷом

Бории зи манӣ нӯш ки бошад ҳамагии нӯш

Чун фотиҳа бар хон висоли он лаби ширин

Ҳаргиз чу намехонд маро кард фаромӯш

Май нӯши камоли ин май ва май пӯши зи зоҳид

Бар рағми мухолиф ба хушӣ май хур ва май нӯш