Табиби ишқ ба хӯн гӯ бисоз шарбати ошиқ
Ки нест дар хури бемори ҷузи ғизои мувофиқ
Аз он матоъ ки ошиқ биор хеш фиристад
Марост ҷонӣ ва он низ нест тӯҳфаи лоиқ
Рақиби саъии намояд чу ғамзаи нави бхўнм
Буд мувофиқи ғаммози фикру раъии мунофиқ
Дилам ба зулфи ту чун паии барад ба сари миёнат
Ки кас ба зеҳн парешон накард фаҳми дақоиқ
Агар даҳон ту гӯйанд ҳаст ва нест зи танагӣ
На козибанд дарин нуктаи ошиқон ва на содиқ
Пазами хаёли таҷарруда вале зи зулфи бтонм
Дар омадаст ба гардани ҳазор гӯнаи алойиқ
Камол рӯй ту диду зи шавқ дар сухан омад
Шавад ҳар оинаи тӯтии зи акси оинаи нотиқ