Туро дар дил вафо бошад чаҳ донам

зи хубони ин кро бошад чаҳ донам

Фикандӣ васли худ бо рӯзи дигар

Пас аз мурдан даво бошад чаҳ донам

Бикаш гуфтам маро гуфтӣ раво нест

Чунин куштан раво бошад чаҳ донам

Дуои ногуфта дорӣ насад дашном

Атои пеш аз дуо бошад чаҳ донам

Ба дидан қонеъам гуфтам з ту гуфт

Қаноат дар гадо бошад чаҳ донам

Маро гуфтӣ куҷо бошад дили ту

Чунин мискин куҷо бошад чаҳ донам

Камоли ин ришро марҳам сабурӣаст

Ва лекини он туро бошад чаҳ донам