Турои шӯхи андак вафо гуфта ем
Ҳануз андакаст ин ки мо гуфта ем
Дили мо зи ғами сӯхтӣ чанд ҷой
Ба ту ин сухан чанд ҷо гуфта ем
Ҳалоки тани мости доими дуоат
Мирни ту омин бигӯ мо дуо гуфта ем
Бар он хон ки нақлаш кабоб диласт
Нахустин ғаматро сало гуфта ем
Ба ҷамъӣ ки ошиқ кашон ҳозиранд
Аз аввали туро марҳабо гуфта ем
Ҳадиси дилу ақла аз мо мапурс
Ки мо тарки ин моҷаро гуфта ем
Суханҳои нави бишанвед аз камол
Ки инҳо дарин рӯзҳо гуфта ем