Қадаҳӣ биор соқӣ ки зи тавбаи шармсорам

Сар он надорам акнӯн ки ба зуҳди сари дрорм

Ман аз он меӣ ки хӯрдам зи азал ба ёди лаълат

Ба ду чашми ним мастат ки ҳануз дар хуморам

Нарӯм ба таъни душмани з дарат ба ҳеҷ поне

Ки сиррии ниҳодами ӣнҷо ки ба теғ бар надорам

Ба назораи гулистони ҷамоли аўр чу наргис

Ҳама чашм бошам он дам ки зи хоки сар бар орм

з май муғонаи имшаб кам ва беш ҳарчӣ бошад

Бидиҳед эй ҳарифон бидиҳед интизорам

Қадаҳӣ биор соқӣ ки расм ба дайри маънӣ

Ки зи хонақоҳ сӯрат накушод ҳеҷ корам

Чаҳ зиён агарчӣ гаштам чу камоли ринду ошиқ

Ки зи зуҳду неки номии ҳамаи умр буд орам