Гар ба майхонаи ҳариф май ва шоҳид бошам

Ба ки дар савмиъа биншинам ва обид бошам

Вақт он шуд ки иқомат ба харобот кунам

То ба кӣ мӯътакифи гӯша масҷид бошам ?

Домани пери Муғон гар фитад ин бори бадаст

Ман саргашта чаро толиб муршид бошам ?

Солҳо бар дар майхона нишинам ба аз он

Ки азин гӯша нишинон муқаллид бошам

Зуҳд дар савмиъа май варзам ва ин риндӣ нест

Риндӣ онаст ки дар майкада зоҳид бошам

Ёр агар зи оҳи ман хастаи нигари андешад

Фориғ аз қасди бдондишӣ ҳосид бошам

Зиндагӣ дар сар тақво шуд ва ҳайфаст камол

Ки ҳамаи умри дарин фикрат фосид бошам