Гуфт дилдорам ки аз ҳиҷрони дилат хӯн ме кунам

Гуфтам ар хӯн шуд варо аз дида берун ме кунам

Нест бо боРоми хилофии ғайр аз ин миқдори бас

Гар бало кам мекунад ман нола афзӯн ме кунам

Гар ки ӯ ширин шавад ман мешавам Фарҳод ӯ

Гар ки ӯ Лайлӣ шавад ман кор маҷнӯн ме кунам

Гар ки бо мо бар сар беМеҳрӣ ва кин ҳаст чарх

Такя бар лутфу атои зот бечун ме кунам

Дар паии кашфи ҳақоиқ бо сиррии пуршӯру шавқ

Сипар дар домони карау дашт ва ҳомӯн ме кунам

Бо талошу кӯшиши андари роҳи касби илму фазл

Хештанро бениёз аз ганҷ қорун ме кунам

Мор агар афсун шуд ва бо вирд мегуяд камол

Аждаҳои нафасро як вирд афсун ме кунам