Гуфт ёр аз ғайри мо пӯшон назар гуфтам : ба чашм !

Вонгҳии дуздида дар мо менигар гуфтам : ба чашм !

Гуфт : агар ёбии нишони пои мо бар хоки роҳ

Барфашони онҷо ба доманҳо гуҳар гуфтам : ба чашм !

Гуфт : агар бар остонами об хоҳӣ зад зи ашк

Ҳам ба мижгонати брўби он хок дар гуфтам : ба чашм !

Гуфт : агар сар дар биёбони ғамами хоҳии ниҳод

Ташнагонро муждае аз мо бабр гуфтам : ба чашм !

Гуфт : агар гардад лабати хушк аз дами сӯзони оҳ

Боз май созиш чу шамъ аз гиря тар гуфтам : ба чашм !

Гуфт : агар гардии шабӣ аз рӯй чун моҳами ҷудо

То саҳаргоҳони ситора мешимур гуфтам : ба чашм !

Гуфт : агар дории хаёл дар васли мо камол

Қаъри ин дарё бипаймо сурба сар гуфтам : ба чашм !