Моро сар онаст ки дар пой ту уфтем
Чун зулфи ту бар хоки қадамҳои ту уфтем
Бори ту бар он хоки раҳ эй соя гаронаст
Бархез ки то мо ҳама бар ҷой ту уфтем
Чун соя ки дар пой санавбар фитад аз меҳр
Хоҳем ки пеши қаду болой ту уфтем
Дар оина бинмоӣ ба мо рӯй длороӣ
Чун чашми ту то масти тамошоӣ ту уфтем
Ёрб чаҳ хушаст онкӣ ба хӯни рехтани мо
Фармони диҳӣ ва мо ба тақозоӣ ту уфтем
Сад гӯна чу гул рӯй диҳад маънии нозук
Моро чу ба фикри рухи зебоӣ ту уфтем
Озод шавад ҷони камол аз ҳамаи андӯҳ
Он лаҳза ки бо шодии ғамҳои ту уфтем