Мо лабатро намак , шӯон малоҳат хонем

Холи мишкӣни турои донаи дил ҳо донем

Дар вафодорӣу дилдодагӣу ҷонбозӣ

Ончӣ гӯйанд дар ин бораи ду сад чандонем

Аз ҷудои ҳама дам ҳаст шикояти мо ро

Бинӣ ар бо дили пурдард чу не нолонем

Бо дилии пок аз олоиш ва бо сидқу сафо

Ҷон ба кафи баҳри нисори қадами ҷононим

Сокин кӯй нигорем чу маъно дар лафз

Гар ба зоҳирнигарӣ бесар ва бе сомонем

Рамзи тавфиқ дар инаст ки дар гулшани даҳр

Ҳамчу булбул битавонему пар гул хандонем

Пои бандем ба аҳди худ ва бар ваҷҳи камол

Бо дилу ҷону тану отифа ҳам паймонем