Имрӯзи биҳамдиллоҳ фориғ шудам аз душман

Душман чаҳ тавонад кард чун дӯст буд бо ман

Оварад сабои бӯе аз Мисри сӯии канъон

Ёқӯби сифати моро шуд дида бидон равшан

Чун ғунчаи дили бушковат аз буии насими васл

Хори ғами ҳиҷронро аз дидаи равон бар кун

Дар монзрӣ мекун бо мо суханӣ май гӯ

То кӯр шавад ҳосид то лол шавад душман

Вақти тараб ва айшаст эй зоҳиди даъвӣдор

Рӯи шишаи даъвиро бар санги маломати зан

Бедард набояд буд беишқ набояд зист

То ақл буд дар сар то рӯҳ буд дар тан

Вораст камол аз ғам то гашти миёни халқ

Маърӯф ба қлошии машҳур ба май хӯрдан