эй ба ҷони ошиқони харидорат
Ғмзҳо низ карда бозорат
Гар кунӣ қасди куштани ёрон
Дар чунин корҳо манам борат
То ту ороми ҷони з мо рафтӣ
Рафт ороми ҷони зи рафторат
Ним кушта шудам ба як дидан
Кошкӣ дидамӣ дигар борат
Ҷони ширини ту манам гуфтӣ
Ҷони ширини фидои гуфторат
Чашми бемор бар иёдати тест
Назарӣ кун ба чашми беморат
Бар нагирад сар аз дар ту камол
Гар бимирад ба пои деворат