Диламро сабр мумкин нест аз рӯй накӯ кардан
Валегар инчунин бошад нишоед айб ӯ кардан
Ба шабгардӣ бар омад номи ман чун моҳ дар кӯяш
Шабӣ аз равзанаш ночор хоҳам сари фурӯ кардан
Ба ҳасан ойина мегуяд ки ҳастам чун ба рӯйиш
Ман он рӯи сахтро бо дӯст хоҳам рӯбарӯ кардан
Агар чун фурсатӣ дорӣ манеҳ як лаҳзаи ҷом аз каф
Ки хоҳад кӯзагар рӯзии зи хоки мо сабу кардан
Ба хӯни дили вузӯ созам барорам рӯ ба абрӯяш
Ки дар миҳроби дилҳо саҷда натавон бевузӯ кардан