Оҳ ки хок роҳ шуд дидаи ман ба роҳи ту
Карда чаро коҳ чеҳраам фурқати ъмркоаҳи ту
Бар дили ман ҷафои ту бас ки ниҳодаи бори ғам
Ғайр набарда пай бидон чун шудаи боргоҳи ту
Бандаам ва ба ҷуз дарат нест паноҳи ман дигар
Чун ту паноҳи бандаи боди худои паноҳи ту
Шоҳи бенонеу турои куштаи ишқи лашкарӣ
Нест шаҳони маликро бештар аз сипоҳи ту
Гарчи баландпоя чун қади худ ба салтанат
Ҳаст аз он баландтари нолаи додхоҳи ту
Бор чу нест мустамеъ чанд кунӣ дило фиғон
Бод ҳавост пеш ӯ нолаи моу оҳи ту
Партав рӯй ӯ дилати сӯхти камол ва ҳамчунон
Тавба накард аз назари дидаи рӯи сиёҳи ту