эй саропардаи султони хаёлати дили мо
Карда дарду ғами ту хона дар обу гули мо
Сар ба фирдавс наёрем чу зулфи ту фурӯд
То ба хоки сари кӯии ту буд манзили мо
Мушкили мо даҳани тест ки ҳаст он ё нест
Ҷуз ба мантиқи лаби ту ҳал накунад мушкили мо
Шамъи худро сазад ар бар накушуд чун қандил
Шаб чу аз талъати худ нури диҳии маҳфили мо
Бикун эй шайхи дуое ки бимирем ҳама
То дигар нанги чунин хӯн накушуд қотили мо
Дида чндонкаҳ баранд сухан аз гавҳари ашк
Ёр дар гӯш наёрад сухани нозили мо
Дид сайли мижа дар пеши камоли он ма ва гуфт
Дар ба домани барад ар гиря кунад соили мо