Аз фурқати ту ҳар дами хӯни боРом аз ду дида
Гар диданат набошад безорам аз ду дида
Чашмам наметавонад рӯй рақиб дидан
Ореи ҳамин таваққуъ медорам аз ду дида
Гар нестам ба меҳрати содиқ чу субҳ , бодо
Ҳамчун шафақи пар аз хӯни рухсорам аз ду дида
То дида дид рӯят афтод дар балои дил
Уфтад чунин балоҳо ҳар боРом аз ду дида
Бодам ба дасту оташ дар ҷону хоки барсар
Ҳамвора оби ҳасрат май боРом аз ду дида
зи Андам ки вақф ишқат кардам харобаи дил
Тухми вафоу меҳрат май корам аз ду дида
Гарчи камол дар ҷони дард ту кард пинҳон
Чун об мебихонад асрорам аз ду дида