Ашк чу лаъли резади он лаби марои зи дида

Дар шиша ҳарчӣ бошад аз ваии ҳамон чакида

Бошад ҳануз чашмам ҳамчун магас бар он лаб

Гар анкабути бинӣ бар хоки ман танида

Аз об бар кашида суратгари он варақ ро

Гулбарги оризи ту ҳарҷо ки бар кашида

Себ зқн расад худ бо ман чу дидам он рух

Аз офтоб гардад ҳар миваи расида

Гар оядам ба меҳмони шабҳо хаёли рӯят

Гирам барои шамъаши пиҳ аз чароғи дида

Пеши ту гули бахӯбӣ аз муфлисон барояд

Онкии гувоҳи ҳолаши пероҳани дарида

Зоҳиди либоси тақво кӣ аз ту пора созад

Бар қомат камоласт ин ҷомаҳо бурӣда