эй аз ҳадиси зулфи туам бар забони гиреҳ
Бигушоӣ бурқаъ аз рух ва аз зулфи он гиреҳ
Чашмам гулӣ начед зи боғи рахт ҳануз
То кӣ занад ду зулфи ту бар абрувони гиреҳ
Зулфати дилами бист ва дар овехт аз ҳаво
Ҷузи боди длгшо ки кушояди чунон гиреҳ
Хубон ки дона дона кунанд ашки ошиқон
Аз соҳирии зананда бар оби равони гиреҳ
Абрӯ турш кунӣ ва бигӯям зиҳии камон
Оре фитад ҳамеша зи зиҳ бар камони гиреҳ
Мӯии миён ӯ ба камар ҳаст дар хаёл
Чун ришта ки бошадаш андари миёни гиреҳ
Назми камоли баста ба ҳам риштаи дуруст
Гуфтори дигарон ҳама бар ресмони гиреҳ