Боз ба нози каш маро чист ки ноз ме кунӣ
Ноз намекунам дигар гаванӣ ва боз ме кунӣ
Ман чу шаҳиди ишқам ва бар дар ту биҳиштем
Бар рухи ман дар биҳишт аз чаҳ фароз ме кунӣ
Аз даҳанат чу меравад пеши ду лаби ҳикоятӣ
Ҷони маро дар он сухани муҳаррам роз ме кунӣ
Аз ту чигуна ҷон барам чун ту ба мурғи он ҳарам
Ҳамла боз мекунӣ чашм чу боз ме кунӣ
Чашм ба оризаш дило чист зи зулф ӯ гила
Вақти чунин латиф ва ту қисса дароз ме кунӣ
Бо рухи дӯсти зоҳдои рӯ чу ба қибла шуд туро
Арз ниёз кун чаро арз намоз ме кунӣ
Зоири каъбаро бигӯ ҳалқа ба гӯши ин дирам
Гӯш ки мекунад ки ту васф ҳиҷоз ме кунӣ
Камол то абади хоки як остону бас
Бандагӣ шаҳӣ гузингар чу Аёз ме кунӣ