Таб чаро дард сар оварад ба нозуки баданӣ

Ки чу гул тоб наёвард ба ҷузи перҳанӣ

Бар тани нозук ӯ ҳамчу арақ ларзонаст

Ҳар куҷо ҳасттару тозаи гулӣ дар чаманӣ

Шукраш дораду бодоми зиёни пиндорӣ

Чашм накушояд аз он рӯй ва нагӯяд суханӣ

Дидани набзи ишорат ба масеҳо карданд

Гуфт ҳайфаст чунон дасти бадаст чу манӣ

Аз паии раг задан аз кор бФсод уфтад

Нест устодтар аз ғамза ӯ неши занӣ

БФдои тани ранҷури наву ҷони ту бод

Ҳар кро ҳаст дар айёми ту ҷонӣу танӣ

Сиҳҳати ҷону танат чун ба дуои хости камол

Буд омин ба забони омада дар ҳар даҳанӣ