Гули ман сабза зорӣ кард пайдо

Замона навбаҳорӣ кард пайдо

Дар ин мавсим ки аз таъсири наврӯз

Ҷаҳони нав рӯзгорӣ кард пайдо

зи кӯҳи абри санг жола афтод

Зари гулро , айёрӣ кард пайдо

Шудам мӯӣ ва фурӯ рафтам ба рӯйиш

Ҳамонам хорхорӣ кард пайдо

Наоне хорхорӣ дошт он шӯх

Ба ҳамдолла ки борӣ кард пайдо

Бибин хусрав , агар ҷонат ба кор аст

Ки ҷонро боз корӣ кард пайдо