Сабо нав кард боғу бӯстон ро
Пиёла дод наргиси арғавон ро
Ба хати сабз , саҳрои нусхаи бардошт
Саводи равшани доролҷнон ро
Саҳаргоҳон чакид аз қатраи абр
Гулӯтар гашти мурғ субҳ хон ро
Мизоҷ аз қатраҳо хушк кард наргис
Чу беморӣ ки ёбад нордон ро
Бунафшаи кўжи пеши сари гӯйӣ
Тавозуъ мекунад перу ҷавон ро
Магар бӯсӣ намехоҳад зи сӯсан
Ки ғунча танг мегирад даҳон ро
Ало эй булбули охири бонг бар зан
Ки сӯсани гирд май норади забон ро
Нигорои булбул инак мекунад бонг
Равон кун дар чамани сарви равон ро
Маро гуфтӣ мубин дар ман ба гули байн
Ба гул нисбат макун рӯй чунон ро
Ҷавонӣ меравад аз даст бар бод
Бирав лангари бунаи ратли гарон ро
Гули андаки умр ва чандон бод дар сар
Чигуна ханда ноед гулистон ро
Ба боғи маҷлиси худ , ҳамчуи булбул
Нигаҳ кун хусрави ширини забон ро