Дил аз рухи ту ба гулҳои тоза рӯ наравад
Ки орзӯии азизон ба ранг ва бӯ наравад
Касе ки ёди лабат ҳар дамаш гаулӯгир аст
На май ки чашмаи ҳайвонаш дар гулӯ наравад
Хаттӣ кашида ба афсун ба гирд рӯй ту ҳасан
Ки ҳар дилӣ ки дарав шуд ба ҳеҷ сӯ наравад
Ба зери пой туам орзӯаст хок шудан
Агар чаҳ хок шавам , низам орзӯ наравад
Латофатӣ на чунин дорад оби дидаи ман
Вагарнаи сарви ман андари канор ҷӯ наравад
зи синаи ҷон ба ҳамаи ҳол чун бихоҳад рафт
Дареғ бошад , агар зери пой ӯ наравад
Азон парӣ набарам ҷони хсрўо , зи лабам
Дуои давлати шоҳи фиришта ху наравад