Ҳадиси ҳасани ту зини пас кифоятӣ бирасад
Ки фитнае зи ту дар ҳар вилоятӣ бирасад
Шавад ба фатвои хати ту хӯни ҳасани мубоҳ
Агар ба рӯй ту бар гул ривоятӣ бирасад
Дилат бигуфт касе аз ситам наёяд боз
Магари зи ғайби мар ӯро ҳидоятӣ бирасад
зи бим бо ту ҳадисӣ наметавонам гуфт
Ки аз ман ва ту ба ҳар кас ҳикоятӣ бирасад
Агар маро нарасад бо ту рози худ гуфтан
Туро , агар кунӣ , эй ҷон , аноятӣ бирасад
зи оҳи ман ба ҷаҳони субҳ растхез дамид
Буд ки шоми ғаматро ниҳоятӣ бирасад
Чу ғунчаи пой ба домони субҳи каш , хусрав
зи дӯсти бӯ ки насим аноятӣ бирасад