Меҳрӣ ки буд бо миннат , он гўиё набӯд
Он пурсиши замон ба замон гўиё набӯд
Номам ки бардаеу нишонам ки дода Эй
Зон рӯзгори ному нишон гўиё набӯд
Дар гулшанӣ ки бо гул ва мл бӯдаем хуш
Омад хазону бӯе азон гўиё набӯд
Аввал ки дидамат зи сияҳи рӯеи он нафас
Гўиё нишастам дилу ҷон гўиё набӯд
Ёдӣ макун ба мардумӣ аз банда , пеш азон
Гӯйанд мардумон ки фалон гўиё набӯд
Дай ногаҳонаш дидам ва рафтам ки бингарам
Дар пеши дидаи нигарон гўиё набӯд
Сад қисса дошт хусрави мискини зи дарди хеш
Чун пеш ӯ расед забон гўиё набӯд