эй шамъ , рухи ту матлаъи нур

Зини ҳасану ҷамоли чашми бади давр

Бо партави оризи ту хуршед

Чун шамъ дар офтоб бе нур

Рухсори ту дар ҷаҳон фурӯзӣ

Монандаи офтоби машҳур

Аз рӯй ту шом субҳ гардад

Вази зулфи ту субҳи шоми диҷўр

Ангехта шомро зи хуршед

Омехтаи машкро зи кофур

Аз дасти ғами ту дар замона

Як хона дил намонад маъмур

Бар дори ғамат ҳалол бошад

Зу васл ту гашта ҳамчуи Мансур

Хотир наравад ба гулистонӣ

Онро ки ҷамоли тести манзур

Хусрав ки ҳамеша бар дар тест

Аз дарга худ макун варои давр